эй ба хӯбӣ аз ҳамаи хубони олами хуб тар

Шеваи ҳасану ҷамолат ҳар як аз ҳам хуб тар

Одамӣ ,гар Юсуф Мисраст , монанди ту нест

эй ту аз маҷмӯи фарзандони олами хуб тар

Рангат аз меҳолатӣ дорад , ки аз гули хуш тар аст

Вони арақ бар оризи пакети зи шабнами хуб тар

Хуб тар шуд рӯй гулгунат , ба даври хати сабз

Оре , оре , боғ бошад сабзу хуррами хуб тар

Малики ҷон , таслими султон хаёлаш шуд , ки ҳаст

Кишвари мо бар чунин шоҳии мусаллами хуб тар

Косаи коса бо сгонт мехӯрам хӯни ҷигар

Зон ки мехубаст ва бо ёрони ҳамдами хуб тар

Ташнаи лаби бӯсади ҳилолии хоки он дар , зон ки ҳаст

Хоки пои поки он кӯи зи оби замзами хуб тар