Бархез тбибо , ки дил озурдаам имрӯз
Бигзор маро , каз ғам ӯ мурдаам имрӯз
Чун барги хазони чеҳраи ман зард шуд аз ғам
Кӯи он гули сероб ? ки пажмурдаам имрӯз
Чун гӯшаи домони ман аз хӯн шудаи рангин
Ҳар гӯша ки домони худ афшурдаам имрӯз
Имрӯзи маро чун фалак оварад бофиғон
Ман низ фиғонро бФлк бардаам имрӯз
эй қиблаи мақсӯд , зи ман рӯй магардон
Каз ҳар ду ҷаҳони рӯ бтў овардаам имрӯз
Бигзор , ҳилолӣ , ки бсд дард бинолам
Каз ҷаври фалаки тири ҷафо хӯрдаам имрӯз