Кори ман аз ҷумлаи олам ҳамин ишқасту бас

Олимӣ дорам , ки дар олам надорад ҳеҷ кас

Подшоҳи аҳли дардам бар сари майдони ишқ

Ман миёни фитнау хайли бало аз пеш ва пас

Дасти умедами зи домон висолаш кӯтаҳаст

Ваа ! ки ҷое рафтаам кони ҷондорами дастрас

Дар ҷаҳони чизе ки дорам аз саводи ишқ ӯ

Як дилу чандини таманно , як сарви чандини ҳавас

Орзӯ дорам ки : пешати ҷони даҳум , баҳри худо

Як нафас биншин , ки боқӣ нест ғайр аз як нафас

Ин чунин барқӣ , ки аз наъли самандат май ҷаҳд

Бар сари роҳ ту хоҳам сӯхтан чун хору хас

Зор менолад ҳилолӣ бе ту дар кунҷи фироқ

Ҳамчуи он булбул ки менолад ба зиндони қафас