Кори ман фарёд ва афғонаст , давр аз ёри хеш

Мардумон дар кори ман ҳайрон ва ман дар кори хеш

эй табиби дардмандон , ин тағофул то ба кӣ ?

Гоҳ гоҳе ме тавон пурсидан аз бемори хеш

Гирди Кувайт беш аз ин ушшоқи мискинро мсўз

Дӯди дилҳоро нигаҳ кун бар дару девори хеш

Чанд баҳри қатли ман озурдасозӣ хешро ?

Раҳм фармо , бигузар аз қатли ману озори хеш

То ҳилолиро ба сӯзи ишқ пайдо шуд сиррӣ

Май гудозади ҳамчуи шамъ аз оҳи оташбори хеш