Ошиқонро на гулу боғ ва баҳораст ғараз
Ҳама саҳласт , ҳамин суҳбат ёраст ғараз
Ғараз онаст ки : фориғ шавам аз кори ҷаҳон
Вар на аз гӯшаи майхона чаҳ кораст ғараз ?
Ҷони ман , бе ҷиҳати ин тундӣ ва бдхўиӣ чист ?
Гар на озори дил ошиқ зораст ғараз
Офати дидаи мардум з ғубораст вале
Дидаро аз сари кӯй ту ғубораст ғараз
Ҳавас дидан гул нест , ҳилолӣ , мо ро
Зини чамани ҷилваи он лола изораст ғараз