Мо ки аз сӯзи ту дар гиря зорем чу шамъ
Хабар аз сӯхтан хеш надорем чу шамъ
Пеши теғи ту сар аз тан бигзорем вале
Шуълаи шавқи ту аз сар нагузорем чу шамъ
Тоби ҳангома ағёр надорем , ки мо
Куштау сӯхта хилват ёрем чу шамъ
Ҳаст чун оташи мо бар ҳамаи олами равшан
Сӯзи худро бзбони баҳр чаҳ орем чу шамъ ?
эй насими саҳар , аз субҳи висолаши хабарӣ
То ҳамаи хандаи занон ҷон бисипорем чу шамъ
Мо ки дорем дилу дидаи пар аз оташу об
Чун насузем ва чаро ашки нборим чу шамъ ?
Сӯхти сад бор , ҳилолӣ , ҷигари мо шаби ҳиҷр
Мо ҷигари сӯхтаи ин шаб торем чу шамъ