Ваа ! ки рафт он шӯх ва бар мо кард бедод аз фироқ
Аз фироқ ӯ бФрёдим , фарёд аз фироқ !
Ёр бо ағёр ва мо маҳрӯм , кӣ бошад раво ?
Душманони шод аз висолу дӯсти ношод аз фироқ
Дар фироқати ҳолам аз ҳар мушкилӣ мушкил тараст
Ҳеҷ касро ин чунин мушкил науфтод аз фироқ
Онкии рӯзамро сияҳ кард аз фироқат , ҳамчуи шаб
Рӯз ӯ чун рӯзгори ман сияҳи бод аз фироқ !
Дар баҳор аз накҳати гули буи васлат ёфтам
Ваа ! ки меояд хазон ва медиҳад ёд аз фироқ
Доду фарёд ҳилолӣ гуфтае : аз даст кист ?
Ин тағофул чист ? фарёд аз ту ва дод аз фироқ !