Омад баҳору хўшдлм аз рангу буии гул
Он ба ки май кашами ду се рӯзӣ ба рӯй гул
Гул дидам , орзӯӣ касе дар дилам фитод
Каз диданаш касе накунад орзӯии гул
Ин дам ки буии дилкаш гул медиҳад насим
Бас дилкашаст гашти гулистон ба буии гул
Хуши он ки ёр бошад ва ман дар ҳарими боғ
Ман сӯй ӯ назар фиканам , ӯ ба сӯии гул
Дид он ду рухи ҳилолӣу осӯда дил нишаст
Аз ҷусту ҷӯии лола ва аз гуфту гӯии гул