Аҷаби шикастаи дилу зору нотавон шудаам !

Чунон ки ҳиҷри ту май хост , ончунон шуда ам

Ту офтобӣ ва ман зарра , тарк меҳр макун

Ки дар ҳавои туам ,гар бар осмон шуда ам

Ба гуфт вгўии ту афсона гаштаам ҳамаи ҷо

Ба ҷусти вҷўии ту овораи ҷаҳон шуда ам

Худоиро , дигар , эй бод , сӯй ман магзар

Ки ман ба кӯй касе хоки остон шуда ам

Чаҳ гӯям аз тани бемору кунҷи меҳнати хеш ?

Ба тангнои лаҳади мушти устихон шуда ам

Дилами зи шодии олам гирифтааст вале

Ғамӣ ки аз ту расидааст шодмон шуда ам

Аз он шудааст , ҳилолӣ , дилами шикофи шикоф

Ки новаки ғаму андӯҳро нишон шуда ам