Рӯзӣ ки дар фироқи ҷамол ту бӯда ам
Гирён дар иштиёқи висол ту бӯда ам
Ҳрсў ки рафтаам ба ҳавои ту рафта ам
Ҳарҷо ки бӯдаам ба хаёл ту бӯда ам
Ҳргаҳи шакарлабӣ ба касе кард гуфт вгў
Дар ҳасрати ҷавобу савол ту бӯда ам
Ҷое ки доғ бар варақи лола дида ам
Онҷо ба ёди оризу хол ту бӯда ам
Чун кардаам назораи қади баланди сарв
Дар орзӯии тозаи ниҳол ту бӯда ам
Алқсаҳ , рухи намо , ки ҳилолии сифати басӣ
Муштоқи офтоби ҷамол ту бӯда ам