Ба ёр бе вафои умрӣ вафо кардам надонистам

Ба умеди вафо бар худ ҷафо кардам надонистам

Дили озорӣ , ки ҳаргизи дида бар мардум наяндозад

Ба сони мардумаш дар дида ҷо кардам надонистам

Агар гуфтам ки : дорад ёри ман ойини дилҷӯе

Мъозоллаҳ ! ғалат кардам , хато кардам , надонистам

Балои ҷони ман он шӯх ва ман афтода дар кӯяш

Дариғо ! хона дар кӯй бало кардам надонистам

Ба ҳар бегона бошад хуй ӯ аз ошнои беҳтар

Ба он бегонаи худро ошно кардам надонистам

Гирифтам он сари зулф ва кашидам сад гирифторӣ

Ба дасти хеши худро мубтало кардам надонистам

Ҳилолӣ , пеши он маи шармсорами зини шикоят ҳо

Дарин маънӣ ба ғоят моҷаро кардам надонистам