Наҳодӣ бар дилами доғи фироқу сӯхтии ҷон ро

Бдоғу дарди даврӣ чанд сӯзии дардмандонро !

Манеҳ зини бештар чун лолаи доғӣ бар дили хунин

Ки аз дасти ту охир чок хоҳам зад гиребон ро

Шудам дар ҷустуҷӯии каъбаи васлат , надонистам

Ки ҳамчун ман буд сар гашта бисёр ин биёбон ро

Агар чашми Хизр бар лаъли ҷони бахш ту афтодӣ

Бъмр худ накардӣ ёди ҳаргизи оби ҳайвон ро

Хуш он бошад ки дар ҳангоми васл ӯ сипорам ҷон

Мъозоллаҳ ! аз он соъат ки байнам рӯй ҳиҷрон ро