Идаст , буруни ой , ки ҳайрони ту гирдам

Қурбони худами соз , ки қурбони ту гирдам

Хоками барраат , ҷилваи кунон , Рахши барангез

То хезаму гирди сари майдони ту гирдам

Ҷамъияти осӯдаи дилон аз дил ҷамъаст

Ҷамъияти ман он ки , парешони ту гирдам

Зини гӯна ки аз шодии васлат хабарӣ нест

Мушкил ки халос аз ғами ҳиҷрони ту гирдам

Ман оҷизам аз хизмати меҳмони хаёлат

Ин худ чаҳ хаёласт ки меҳмони ту гирдам ?

То ёфтам аз шодии васли ту ҳаётӣ

Тарсам ки : ҳалок аз ғами ҳиҷрони ту гирдам

Бар хок дарат ман киу ташрифи ғуломӣ ?

эй кош ! тавонам саги дарбони ту гирдам

Гуфтӣ ки : бҷони банда мо бош , ҳилолӣ

То ҷон будам бандаи фармони ту гирдам