зи пери майкадаи умрӣ дар илтимос шудам

Ки хоки даргаи дайри фалак асос шудам

Ғами марои бағами дигарон қиёс макун

Ки ман нишонаи ғамҳои беқиёс шудам

Марои зи ҳасани ту сунъи худоӣ зоҳир шуд

Турои шинохтам , онгаҳ худошинос шудам

Сипоси ид буд поси нақлу бодау ҷом

Ҳазор шукр ки машғӯли ин сипос шудам !

Пилос фақр , ҳилолӣ , либос фахр манаст

Ман аз барои тафохури дарин либос шудам