Ёр омад ва ман тоқат дидор надорам

Аз худ гила Эй дорам ва аз ёр надорам

Шодам ки : ғами ёри зи худ бехабарам кард

Борӣ , хабар аз таъна ағёр надорам

Гуфтам : чу биёе , ғами худ бо ту кунам шарҳ

Аммо чаҳ кунам ? тоқат гуфтор надорам

Лутфи ту буд андаку андӯҳи ту бисёр

Ман худ гилаи андак ва бисёр надорам

Гӯ : халқ бидонанд ки ман риндаму расво

Аз риндӣу бадномии худ ор надорам

Беқайдам ва аз кори ҷаҳони фориғи мутлақ

Кас бо ман ва ман ҳам бксӣ кор надорам

Ҳоли ман дил хаста харобаст , ҳилолӣ

Озурда дилӣ дораму ғам хор надорам