Магӯ афсонаи маҷнӯн , чу ман дар анҷуман бошам

Азу , борӣ , чаро гуяд касе ? ҷое ки ман бошам

Касе афсонаи дарди марои ҷуз ман наме донад

Аз он доими ман девона бо худ дар сухан бошам

Рӯ , эй зоҳид , ки ман корӣ надорам ғайр май хӯрдан

Маро бигзор , то машғӯли кор хештан бошам

Ҷудо , зон сарви қад ,гар ҷониби бустони рӯми рӯзӣ

Биёади қад ӯ дар сояи сарв чаман бошам

Чисон розӣ кунам пинҳон ? ки аз сад парда зоҳир шуд

Магар вақте ниҳон монад ки дар зер кафан бошам

Марои ҷон кӯҳ андӯҳаст ва ман ҷон мекунам , оре

Туро чун лаъл ширинаст , ман ҳам кӯҳкан бошам

Ҳилолӣ , чун наме пурсади марои ёрӣу ғами хорӣ

Ман мискини ғарибам , гарчи доим дар ватан бошам