То умр буд , дар ҳавас рӯй ту бошам
Дар хок шавам , хоки сари кӯй ту бошам
Фардоӣ қиёмат нарӯм ҷониби тӯбо
Дар сояи сарви қади дилҷӯй ту бошам
Хуши онкии забон аз паии дашноми барорӣ
Ман дасти бароварда , дуъогӯӣ ту бошам
Паҳлавии ту пайваста нишинанд рақибон
То ман натавонам ки бпҳлўӣ ту бошам
Аз ғамзаи ту кости тани ман , ки чу мӯе
Ман мӯӣ шавам дар хами гесуӣ ту бошам
Ҳар гуҳ ки аз ту нози барии дасти бчўгон
Хоҳам ҳамаи тан сар шаваму гӯй ту бошам
эй шохи гули тоза , манам булбули ин боғ
Маъзӯрам , агар шефта рӯй ту бошам
Рӯзӣ ки фалаки ном маро хонд : ҳилолӣ
Май хост ки ман моили абрӯӣ ту бошам