Дилро зи чоки синаи тавонам бурун кунам

Ғамро зи дил бурун натавон кард , чун кунам ?

Хоҳам зи дил бурун кунам ин дардро вале

Дар ҷон дарун шавад агар аз дил бурун кунам

Ҳар меҳнат аз ту мӯҷиб чандин муҳаббатаст

Меҳнат зиёда кун , ки муҳаббат фузун кунам

Дили ҷониб ту омад ва хӯн кардамаш зи рашк

Аз ман аҷаби мадор ки аз рашк хӯн кунам

Аз рашки хӯни ғайр , ки бар доманат расад

Ҳар дами зи гиряи домани худ лола гаван кунам

Корам , шабӣ ки бе ту бдиўонгӣ кашад

Афсона ту гӯям ва худро фусун кунам

Девона шуд ҳилолӣ ва занҷираш орзӯаст

Гесуӣ ӯ куҷост ? ки рафъ ҷунун кунам