Оҳам шунид ва ранҷа шуд он моҳ чун кунам ?

Дигар намонад ҷои нафас , оҳ чун кунам ?

Тифласту шӯх ва бехабар аз дарди ошиқӣ

ӯро зи ҳоли хештани огоҳ чун кунам ?

Хоҳам гуҳии бахотир ӯ бигузарам вале

Сангин диласт , дар дил ӯ роҳ чун кунам ?

Дар пой ӯ бамурдам ва қадарам нашуд баланд

Ёрб , зи дасти ҳиммати кӯтоҳ чун кунам ?

эй бахт , ман куҷоу таманнои васл ӯ ?

Дарвешаму гадо , ҳаваси шоҳ чун кунам ?

Гуфтӣ : чарост перҳанати чоки ҳамчуи гул ?

Буи ту дод боди саҳаргоҳ чун кунам ?

Гӯйанд : нола чист ? ҳилолӣ , хамӯш бош

Бо кӯҳи дарду меҳнати ҷони коҳ чун кунам ?