эй моҳи ману шоҳи сипоҳи ҳамаи хубон

Хубон ҳама шоҳанд ва ту шоҳи ҳамаи хубон

Онҷо ки ту бар маснад иззат биншинӣ

Бар бод равад ҳишмату ҷоҳи ҳамаи хубон

Аз ҳасрати он чашм , ки бесерума сиёҳаст

Хӯн меравад аз чашми сиёҳи ҳамаи хубон

Сӯем назарӣ кун , ки басии хуб тар уфтад

Зон чашми нигоҳии зи нигоҳи ҳамаи хубон

Хубон , чу саросари ҳама дар роҳ ту хоканд

Хокаст серум бар сари роҳи ҳамаи хубон

Теғ аз кафи хубон гунаҳӣ нест вагар ҳаст

Бар гардани ман боди гуноҳи ҳамаи хубон !

Пурсед ки : он Зуҳра ҷабин кист , ҳилолӣ

Хуршеди ҳамаи оламу моҳи ҳамаи хубон