эй нури худо дар назар аз рӯй ту мо ро

Бигзор ки дар рӯй ту байнем худо ро

То накҳати ҷони бахши ту ҳамроҳ сабо шуд

Хосият исоаст дами боди сабо ро

Ҳар чанд ки дар роҳи ту хубон ҳама хоканд

Ҳайфаст ки бар хок наҳй он кафи по ро

Пеши ту дуо гуфтам ва дашном шунидам

Ҳаргизи асарии беҳтар азин нест дуо ро

Май хостами осӯда бкнҷӣ биншинам

Болои ту ногоҳ бар ангехт бало ро

Он рӯз ки таълим ту мекард муаллим

Бар лавҳ ту нанавишт магари ҳарфи вафоро ?

Гар ёр кунад майл , ҳилолӣ , аҷабӣ нест

Шоҳон чаҳ аҷаб гар бинавозанд гадоро ?