Ба чашми лутф агар бинии гирифторони расво ро
Ба мо ҳам гӯшаи чашмӣ ки расво кардае мо ро
Пас аз мурдан нахоҳам сояи тӯбо вале хоҳам
Ки рӯзии соя бар хокам фитад он сарви боло ро
Ҳазар кун аз дами сарди рақиб , эй навгули хандон
Ки аз боди хазон офат расад гулҳои раъно ро
Дило , то ме тавон имрӯзи фурсатро ғанимати дон
Ки дар олам намедонад касе аҳволи фардо ро
Зулол Хизр бошад хоки поят , ҷой он дорад
Ки завқи хокбўсӣ бар замини оради масеҳо ро
Ҳилолиро чаҳ ҳади онкӣ бар моҳ рахт бинад ?
Ба ишқи нотамом ӯ чаҳ ҳоҷат рӯй зеборо ?