Бархезу басари вақти асирон гузарӣ кун

Чашмӣ бигушо , сӯии ғарибон назарӣ кун

эй гиря , биё , дар ғами ҳиҷраш мададӣ кун

Ваии нола , бирав , дар дили сахташ асарӣ кун

Чун оина ҳар лаҳзаи баҳр кас манимо рӯй

Зинҳор ! ки аз оҳи дили мо ҳазарӣ кун

Хӯн шуд ҷигари халқ , бадалҳо мазан оташ

Андешаи зи дӯди дили хунин ҷгарӣ кун

Аз баҳри гирифтории мо зулф меорой

Мо баста домем , ту фикр дгарӣ кун

эй хоҷа , машав сокини бути хонаи сӯрат

Беруни рӯ ва дар олами маънӣ сафарӣ кун

Ман бехабарам ,гар хабарам нест , ҳилолӣ

Аз бе хабарӣҳои ман ӯро хабарӣ кун