Бхоки пои ту , эй сарви нозпарвар ман

Ки ҷузи ҳавои висол ту нест дар сари ман

Бароаи ишқи ту хокам , тариқ ман инаст

Дарин тариқ набошад касе баробари ман

Ғами ту дар дил тангам нишасту мунфаилам

Ки нест лоиқи ту кулбаи муҳақари ман

зи ҷилваи саману сарв дил наёсоед

Куҷост сарви сеӣ қомати саман бар ман ?

зи тарки масти ман , эй зоҳидӣ , канора кунед

Ки нест ҳеҷ мусулмони ҳарифи кофари ман

Ҳазар кунед , рақибон , зи сайли мижгонам

Ки дардмандам ва хӯн мечакад зи ханҷари ман

Итоб карду ҷафо низ мекунад , ҳайҳот !

Ҳануз то чаҳ кунад толеъи ситамгари ман ?

Ҳилолӣ , аз май ъушрати маро насибӣ нест

Магар ба хӯни ҷигар пар кунанд соғари ман