Дил хӯн шуд аз умед ва нашуд ёри ёри ман

эй вой ! бар ману дили умедвори ман

эй сайли ашк , хоки вуҷӯдами ббоди даҳ

То бар дил касе нанишинад ғубори ман

Аз ҷаври рӯзгор чаҳ гӯям ? ки дар фироқ

Ҳам рӯзи ман сияҳ шуд ва ҳам рӯзгори ман

Зини пеши сабр буд диламро , қарор низ

Ёрб , куҷо шуд он ҳамаи сабру қарори ман ?

Наздик шуд ки хона умрам шавад хароб

Раҳмӣ бикун , вагар на харобаст кори ман

Гуфтӣ : бирав , ҳилолӣу сабр ихтиёр кун

Ваа ! чун кунам ? ки нест бадасти ихтиёри ман