Дар кӯй батон нест касе зортар аз ман

Дар пеши азизони ҷаҳони хортар аз ман

Гуфтӣ ки : марои ёри вафодор басӣ ҳаст

Ҳастанд , вале нест вафодортар аз ман

Гар толиби онӣ ки : биорӣ биншинӣ

Биншин , ки туро нест касе ёртар аз ман

Чун ғунча агар сина тангам бишкофӣ

Доне ки : набӯдаст дили аФгортар аз ман

Халқ ду ҷаҳонаст гирифтори ту , лекин

Дар ҳар ду ҷаҳон нест гирифтортар аз ман

Ҷузи ман дгариро саги он кӯй махонед

Кини мартабаро нест сазовортар аз ман

Имрӯз агар ишқ гуноҳаст , ҳилолӣ

Фардо натавон ёфт гунаҳи Картер аз ман