Хуши онкӣ дар ҳама рӯй замин ту бошӣ ва ман !

Ба ҷузи ман ва ту набошад , ҳамин ту бошӣ ва ман

Баҳор мерасад , оё буд ки дар чаманӣ

Нишаста пои гулу ёсамин ту бошӣ ва ман ?

Шудӣ ба боғ , ки онҷо хушаст маҷлис май

Балӣ хушаст , агар ҳамнишин ту бошӣ ва ман

Махон ба ҷилваи гуҳи нози худ рақибон ро

Ҳамин басаст ки , эй нозанин , ту бошӣ ва ман

Хушаст ҳам сафарӣ бо ту , хоссаи он вақте

Ки гар биравам рӯм , ё ба чин , ту бошӣ ва ман

Баҳор омаду кишти ин ҳаваси зи шавқи маро

Ки : бар канори гулу ёсамин ту бошӣ ва ман

Магӯ ки : умри ҳилолии гузашт бо дгарон

Азин чаҳ бок , агар баъди азин ту бошӣ ва ман ?