Мардум аз дард ва нагуфтӣ : дардманди мости ин
Дардмандонро наме пурсӣ , чаҳ истиғност ин ?
Сояи болои он сарв аз сари ман кам мабод !
Зонка бар ман раҳматӣ аз олам болост ин
Хостами кони сарви рӯзӣ дар канор ояд , вале
Бо каҷиҳои фалак ҳаргиз наёяд рости ин
Ҷои дил дар сина буду ҷои тират дар дилам
Он з ҷо рафтаст ? аммо ҳам чунон барҷост ин
Ашки гулгуни маро бар чеҳра ҳар кас дид гуфт :
Каз ғами гули чеҳрае ошуфта ва шайдост ин
Гуфтамаш : фардост бо ман ваъдаи васли ту , гуфт :
Дили бФрдои қиёмат на , ки он фардост ин
Бар сари кӯяш , ҳилолӣ , дарди ишқи хеш ро
Беш азин пинҳон макун , каз чеҳра ?ут пайдост ин