Рӯз наврӯзаст ва моро маҷлиси афрӯзии чунин

Солҳо шуд каз худо май хостами рӯзии чунин

Аз ҷФогорӣ наҳодӣ гӯш бар қавли рақиб

То чҳо омухтии боз аз бади омӯзии чунин ?

Ҳар шабӣ дар кунҷи ғами гирёну сӯзонам чу шамъ

Ғарқи обу оташам , бо гиряу сӯзии чунин

Пеши тири ғамзааш барадами дили сад чок ро

Чун нигаҳ дорам дил аз пайкони длдўзии чунин ?

Аз фурӯғи оризати рӯз ҳилолӣ равшанаст

Ваа ! ки дорад офтоби олами афрӯзии чунин ?