Ману бедории шабҳоу шаб то рӯз ёрб ҳо

Набинад ҳеҷ кас дар хоб , ёрб ! инчунин шаб ҳо

Кушодӣ то лаби ширин ба дашноми дуъогӯён

Дуо мегӯям ва дашном мехоҳам аз он лаб ҳо

Худоро ! ҷони ман , бар хоки муштоқон гузорӣ кун

Ки дар хок аз таманноӣ ту шуд фарсӯдаи қолаб ҳо

Сияҳи рӯзони ҳиҷронро чаҳ ҳосил бе ту аз хубон ?

Ки рӯзи тираро хуршед май бояд , на кавкаб ҳо

Муаллим , ғолибан , имрӯзи дарс ишқ ме гуяд

Ки дар фарёд мебайнем Тифлонро ба мактаб ҳо

Шавадгар аҳли мазҳабро хабар аз машраби риндон

Бгрдоннди мазҳабҳо , биомузанд машраб ҳо

Ҳилолӣ , бо қад чун ҳалқа , бошад хоки майдонат

Касе нашносад ӯро аз нишони наъли мураккаб ҳо