Ман ҳамчуи гулзори Ирам , гули гули турои рухсорҳо

Вази орзӯӣ ҳар гулӣ дар сина дорам хорҳо

Гар бе ту бигушоем назар бар ҷониби гулзорҳо

Аз хор дар чашмам фитад гулҳо ва аз гули хорҳо

Даии хуб будӣ дар назар , имрӯз аз он ҳам хуб тар

Хубанд хубон дигар , аммо на ин миқдорҳо

Ту бо қади афрохта , раҳи сӯй боғ андохта

Сарв аз хиҷолати сохтаи ҷо дар пас деворҳо

Мисри малоҳати ҷои ту , дар чори сӯи ғавғои ту

Ту Юсуфу савдои ту суди ҳамаи бозорҳо

Сар дар раҳат биниҳодаам , дил дар ҳавоят дода ам

Ман тозаи кор афтодаам , кор манаст ин корҳо

Ҳар дам биҷусту ҷӯии ту сад бор оем сӯии ту

Ҳар бори пеш рӯй ту хоҳам ки меРом борҳо

Ман , ҳамчуи чанг аз арбада , дар синаи сад нохун зада

Сад нолаи зори омада , аз ҳар рагам чун торҳо

Май нӯш бар тарафи чаман , назора кун бар ёсуман

То ман бкоми хештани байнам дар он рухсорҳо

эй муҳаррами рози ниҳон , дар панд ман магушо забон

Каз ному номӯси ҷаҳон , дорад ҳилолии орҳо