Чанд сӯзии доғҳо бар даст ? оҳ аз дасти ту
Гоҳ аз доғи ту минолиму гоҳ аз дасти ту
То туро бар даст зоҳир шуд сиёҳиҳои доғ
Рӯзгор дардмандон шуд сиёҳ аз дасти ту
Ту ниҳодаи доғҳо бар даст чун гулдаста Эй
Ман бахуди печида чун шохи гиёҳ аз дасти ту
Мардум аз доғ ва дигар чун хору хошоками мсўз
То насузад хирмани ман ҳамчуи коҳ аз дасти ту
Ин чаҳ бедодаст ? каз ҳар ҷониб , эй султони ҳасан
Дод мехоҳад чу ман сад дод хоҳ аз дасти ту
Ҳеҷ доне чист ин доғи сияҳ бар рӯй моҳ ?
Оризи худро сияҳ кардаст моҳ аз дасти ту
Пеши азин аз доғи навмидии ҳилолиро мсўз
Чанд сӯзади дардманд бегуноҳ аз дасти ту ?