Ҳар кас ки нест куштаи ишқати ҳалок ба
Ҳар кас ки нест хоки раҳат , зери хок ба
Гар ҷони пок дар раҳи ту хок шуд чаҳ бок ?
Биллоҳ ! ки хоки роҳи ту аз ҷони пок ба
Бо сӯз ӯ бисоз , ки ишқаст корсоз
Вази дард ӯ манол , ки дили дарднок ба
Бар чокҳои сина манеҳ марҳам , эй табиб
Мо ошиқему синаи мо чоки чок ба
Ғам нестгар ҳилолии бедил ҳалок шуд
Ҷоно , ту зинда бош , ки ӯ худ ҳалок ба