Ҷони ман , гоҳе сухан кун зи он лаб ва комӣ бидиҳ
Вари сухан бо ошиқон ҳайфаст , дашномӣ бидиҳ
Чун дил аз дасти ту беором шуд , баҳри худо
Бар дилами дастӣ на ва як лаҳза оромӣ бидиҳ
Мекунам пеши ту арзи ҳол бе сомони дил
Гар туоне қисса ӯро саранҷомӣ бидиҳ
Соқио , аз оташи дили шуъла дар ҷонам фитод
То занами обӣ бар оташ , лутф кун , ҷомӣ бидиҳ
То туро фориғ шавад хотири зи сахтиҳои даҳр
Чанд рӯзии дили бадасти нозук андомӣ бидиҳ
Ҷони ман дар ҳасрати он соид симин бсухт
Чанд сӯзии бедилонро ? ваъда комӣ бидиҳ
Носҳо , панди ту аз таъни ҳилолӣ то бкӣ ?
эй накӯи номи ду олам , тарк бадномӣ бидиҳ