Хатат , ки рақам бар варақ лола кашида

Бар гирди гул аз анбартар ҳола кашида

Солисти шаби ҳиҷри туу ошиқи мискин

Ҳар рӯзи зи ту меҳнати сад сола кашида

Зон лаб , ки гузидӣ , зи сари нози бдндон

Чун барги гули озурдагӣ жола кашида

Дунболи дилам теғ кашад чашми ту ҳар дам

Фарёд аз он наргис дунбола кашида !

Дар базми ғамат бо дили пари дард , ҳилолӣ

Ҳар лаҳзаи бқонўн дигар нола кашида