Имшаби ту бози чашму чароғ ки бӯдае ?

Ҷонам бсухт , марҳами доғ ки бӯдае ?

эй боғи нўшкФтаҳи куҷои рафтае чу абр ?

эй сарви наврасида ба боғ ки бӯдае ?

Ман чун чароғи чашм ба роҳи ту доштам

эй нури ҳардуи дидаи чароғ ки бӯдае ?

Дорам ҳазор тафриқа дар гӯшаи фироқ

Каз фориғони базми фироқ ки бӯдае ?

эй гул ки ҷони зи буии хушат тоза мешавад ,

Мардуми зи рашк , атри димоғ ки бӯдае ?

Бози ин ғубор чист , ҳилолӣ , ба рӯй ту ?

Дар кӯии маҳвашон ба суроғ ки бӯдае ?