эй зи баҳори тозатар , тоза баҳор кистӣ ?

Ваа ! чаҳнигор турфае ! турфа нигор кистӣ ?

Ҳаст рухи ту моҳи нав , кавкабаи ту шоҳи ҳасан

Моҳи кадоми кишварӣ ? шоҳ диёр кистӣ ?

Лолау сарви ин чаман мунфаиланд пеши ту

Сарви кадоми гулшанӣ ? лола изор кистӣ ?

Хастаи ранҷи фурқатам , куштаи дарди ҳайратам

Ман Бамёни меҳнатам , ту бкнор кистӣ ?

Чист , ҳилолӣ , ин ҳамаи меҳнату дарди ошиқӣ ?

Ҳоли ту зор шуд , бигӯ : ошиқ зор кистӣ ?