Чанд аз балои ҳиҷри ҷигар хӯн кунад касе ?
Ишқаст ва сад ҳазор бало , чун кунад касе ?
Гар мушкилоти қиссаи худро баён кунам
Мушкил ки ёди қисса маҷнӯн кунад касе ?
Ҳаргиз бидида хоб наёяд шаби фироқ
Гар сад фасона гуяд ва афсун кунад касе
Бо ҳар ки ҳаст , дарди дилӣ арз ме кунам
Бошад ки чораи дил маҳзун кунад касе
Имшаб ки гирди кӯии ту гаштан муяссараст
Шояд ки ноз бар сар гардун кунад касе
Носеҳ , мабош дар паии тағйири ҳоли мо
Ин нест ҳолатӣ ки дигаргун кунад касе
Сайд эй васл , ҳилолӣ , на кори мост
Ин корҳо зи бахт ҳумоюн кунад касе