Бас ки ҷонҳо ҳама шуд сарфи ту ҷонон касе
Ҷон агар нест ва гар ҳаст туе ҷон касе
Бар сари бандаи ситамҳои ту аз ҳад бигузашт
Шармсорами зи карамҳои ту султон касе
Чок шуд ҷайби ман , эй ҳиҷр , зи дасти ситамат
Нарасад дасти ту , ёрб , бгрибон касе
Ҳоли шабҳои маро бехабарӣ кӣ донад ?
Ки шабӣ рӯз накардаст бҳҷрон касе
Гар ҷудо мондам аз он моҳ маломат макунед
Чаҳ кунам ? чарх фалак нест бФрмон касе
Ҳавасам ҳаст ки : домони ту гирам , лекин
Бекасонро нарасад дасти бдомон касе
Аз фиғонҳои ҳилолӣ хабарӣ нест туро
Ваа ! ки ҳаргиз накунӣ гӯши бофиғон касе