Гар дуоӣ дардмандон мустаҷобаст , эй ҳабиб

Аз худо ҳаргиз нахоҳам хости ҷузи марги рақиб

Дарди беморӣу андӯҳ ғарибӣ мушкиласт

Вои мискинӣ ки ҳам бемор бошад ҳам ғариб !

Сари бболинми зи дарди ҳиҷр , наздик омадаст

Каз сари болини ман шарманда бархезад табиб

Дигарон доранд ҳар як сад умед аз хон васл

Ман зи дард бенасибӣ чанд бошам бенасиб ?

эй сабо , ҷаҳдӣ кун ва бигушо ниқоби ғунча ро

То кӣ аз дидори гул маҳрӯм бошад андалеб ?

Зон даҳон ком манаст ва ҳаст пинҳони зери лаб

Чашм медорам ки ком ман барояд анқариб

Чун ҳилолӣ бе маи рӯяти зи ҷони сайри омадам

Кас мабод аз хон васли моҳрӯён бенасиб !