эй гулистони ҷамолат дар камоли хуррамӣ

Олам аз нози ту пар шуд , нозанини олимӣ

Хирмани одам чу баҳри донае бар бод шуд

Чун кунад бо донаи холи ту мискини одамӣ ?

Мурдаи сад соларо дар як нафас ҷон медиҳӣ

Бо ту кӣ бошад масеҳоро маҷоли ҳамдамӣ ?

Синаро гуфтам ки : бе ғами шӯ , дил ғамнок гуфт :

Бо ғамаш ҷое ки ман бошам чаҳ ҷой беғамӣ ?

Гар ҳилолӣ аз дарат маҳрӯм шуд тадбир чист ?

Дар ҳарими он ҳарами касро набошад муҳаррамӣ