Ту аз ман фориғ ва ман аз ту дорам сад парешоне

намедонам тағофул мекунӣ , ё худ наме доне

Кунун то май туоне аз ҷафо кардани пушаймони шӯ

Ки баъд аз куштанам судӣ намедорад пушаймонӣ

Қадат бар ҷони мардум фитна шуд , борӣ , чаҳ хуш бошад ?

Агар биншинӣ ва ин фитнаро аз пой бинишонӣ

Диламгар сӯхтӣ , бигзор , борӣ , устихонам ро

Ки мехоҳам саги кӯй туро хонам бмҳмонӣ

Ҳилолӣ , душманаст он моҳ ва ӯро дӯст медорам

Муҳаббати байн ки : аз ҷони дӯстам бо душмани ҷонӣ