Саҳаргоҳон ки чун хуршед аз манзили буруни ое

Ба рухсори ҷаҳони афрӯзи оламро бёроиӣ

Ба раъное ба аз сарвӣ , ба зебои фузун аз гул

Таъолии аллоҳ ! чаҳ лутфаст ин ? ба зебоӣу раъное

Марои гӯйӣ ки : ҷон бигзор ва фармое ки : дил хӯн кун

Ба ҷону дили мутӣъам , ҳар чаҳ гӯйӣ , ҳар чаҳ фармое

Магари ҷонӣ , ки ҳар ҷо омадӣ ногуҳ бурун рафтӣ ?

Магари умрӣ , ки ҳар гуҳ мерӯй дигар наме ое ?

Чаҳ хуш бошад ки аввал бар ман уфтад гӯшаи чашмат !

Саҳар чун наргиси зебои зи хоб ноз бигушое

Дил аз дард ҷудоӣ мекашад оҳӣ ва ме гуяд

Ки : танҳои аҷаби дрдист ! дод аз дасти танҳоӣ !

Ҳилолӣ ояд ва ҳар шоми сӯй манзарат бинад

Ки шояд чун маи нав аз канор бом бинмое