эй ки май пурсӣ зи ман кони моҳро манзил куҷост ?

Манзил ӯ дар диласт , аммо надонам дил куҷост

Ҷон покаст он парии рухсор , аз сар то қадам

Вар на шаклии ин чунин дар нақши об ва гул куҷост ?

Носҳо , ақл аз муқӣмони сар кӯяш махоҳ

Мо ҳама девонаем , ин ҷо касе оқил куҷост ?

Орзӯии соқӣу пер Муғон дорам басӣ

Он ҷавони хубрӯ ва он муршид комил куҷост ?

Дар шаби васл аз фурӯғи моҳи гардуни фориғам

Ин чунин моҳӣ , ки ман дорам , дар он маҳфил куҷост ?

Рӯзгорӣ шуд ки аз фикри ҷаҳон дар меҳнатам

Ёрб ! он рӯзӣ ки будам аз ҷаҳон ғофил куҷост ?

Нест лаъл ӯ бурун аз чашми гавҳари бори ман

Оре , оре , гавҳари мақсӯд бар соҳил куҷост ?

Чун ҳилолии ҳосили мо дард ишқ омад , балӣ

Ъшқбозонро ҳавои зуҳд беҳосил куҷост ?