Ин ҳамаи лола , ки сар бар зада аз хок манаст

Порҳои ҷигари сӯхта чок манаст

Дарди ушшоқи зи дармон касе ба нашавад

Хоссаи дардӣ , ки насиби дил ғамнок манаст

Устихонҳои ман аз хок дараш бурдоред

Боғи фирдавс чаҳ ҷои хас ва хошок манаст ?

Ҳамаи касро бҷмолш назарӣ ҳаст вале

Лоиқи чеҳраи покаши назар пок манаст

Боғбон , чанд кунад пеши ман озодии сарв ?

Сарви озоди ғуломи бут чолок манаст

Дай шунидам ки : яке хӯн мусулмон мерехт

Агар инаст , ҳамон кофар бебок манаст

Дӯстон ,гар сари дармон ҳилолӣ доред

Шарбат заҳр биёред , ки тирёк манаст