Ин тозаи гул , ки мерасад , аз бӯстон кист ?

Нахли кадоми гулшану сарв равон кист ?

Бози ин ниҳоли тоза , ки сар мекашад биноз

Сарв кашида қомати нозук миён кист ?

эй дил , зи тири абрӯии пари фитнааш манол

Ту тирро бибин ва магӯ каз камон кист ?

Дашномҳо , ки аз ту расонданди қосидон

Донистам аз адои сухан каз забон кист

Гар аФгннди пеши сагати баъди куштанам

Донад зи буии дард ки : ин устихон кист

Афсона шуд ҳадиси ман , охир шабӣ бипурс

Кини гуфтугӯ , ки мегузарад , достон кист ?

Аз оҳи гарми сӯхти ҳилолӣ ва кас нагуфт :

Дӯдӣ ки бар фалак шуда аз дудмон кист ?