Дар дили бихброни ҷузи ғами олам ғам нест
Дар ғами ишқи ту моро хабар аз олам нест
Хоки одам ки сириштанд ғарази ишқи ту буд
Ҳар ки хоки раҳи ишқ ту нашуд одам нест
Аз ҷунуни ману ҳасани ту сухан бисёраст
Қиссаи мо ва ту аз Лайлӣу маҷнӯн кам нест
Гар табибони зи паии доғи ту марҳами созанд
Кӣ гузорем ? ки он доғ кам аз марҳам нест
Бскаҳи савдоӣ ту дорам ғам худ нест маро
Гар азин пеши ғамӣ буд кунун онҳам нест
Ман , ки имрӯзи ҳалоки дами ҷони бахши туам
Дами исо чаҳ кунам ? чун дам ӯ ин дам нест
Ғунчаи хуррамӣ аз хоки ҳилолии матлаб
Ки сари равза ӯ ҷои дил хуррам нест