ё таманнои висоли ту маро хоҳад кишт

ё тамошои ҷамоли ту маро хоҳад кишт

Боз дар ҷилваи нози омадае ҳамчуи ниҳол

Ҷилваи нози ниҳоли ту маро хоҳад кишт

Рӯз васласт , ту дар куштани ман теғи макаш

Ки шаби ҳиҷри хаёли ту маро хоҳад кишт

Чанд пурсӣ ки : турои зори кашам ё нкшм ?

Ҷаҳд кун , вар на хаёли ту маро хоҳад кишт

Шоҳи ман , то бкии ин сари кашӣу ҳишмату ноз ?

Ваа ! ки ин ҷоҳу ҷалоли ту маро хоҳад кишт

Гум шудӣ боз , ҳилолӣ , бхёли даҳанаш

Ин хаёлоти маҳоли ту маро хоҳад кишт