Омад он сангини дил ва сад рахна дар ҷон кард ва рафт

Малики ҷонро аз сипоҳи ғамза вайрон кард ва рафт

Онкӣ дар зулфи парешонаши дили мо ҷамъ буд

Ҷамъи моро , ҳамчуи зулфи худ , парешон кард ва рафт

Қолаби фарсӯдаи мо хок будӣ кошкӣ !

Бар замини кони шаҳсавори шӯх ҷавлон кард ва рафт

Гар дил аз дастами бғорти барад , чандон бок нест

Ғорати дил саҳл бошад , ғорат ҷон кард ва рафт

Рафтӣу дили барадӣу ҷони ман аз ғами сӯхтӣ

Бози гирди охир , ки чандин зулм натавон кард ва рафт

Дил бсўиш рафт ва дар ҳиҷрони маро танҳо гузошт

Кор бар ман мушкил ва бар хеш осон кард ва рафт

Дар дам рафтани ҳилолии ҷони бадаст дӯст дод

Ним ҷонӣ дошт , он ҳам сарф ҷонон кард ва рафт