Биё , эй рафта ҳамчун носипосон
Бароаи ботили ҳақи ношиносон
Бигӯ охир ки : кофар неъматӣ чист ?
Ҳаромати бод , ин беҳурматӣ чист ?
Наме шояд ҳақи неъмат нуҳуфтан
Шикоят чист ? бояд шукри гуфтан
?герат аз шукр бошад сад ҳикоят
зи тарки шукр худ мекун шикоят
зи баҳри шукр агар фарзанди одам
Бақадр ҳар як аз зарроти олам
Забонӣ баркашад ҳамчун забона
Забони шукр ӯ бошад замона
Дар он кӯшиш кунад чндонкаҳи хоҳӣ
Нагӯяд заррае шукри илоҳӣ
Туро чун ҳам забон доданд ва ҳам гӯш
Сухан бишинав , мабош аз шукри хомӯш
Бшкри дасту по май гӯи саное
Бароаи шукр май зани дасту пое
Чу дории чашм , чашми худ барраи дор
Дилат доданд , дилҳоро нигаҳдор
Бшкри зоҳир ва ботин бипардоз
Бзоҳри ботини худро яке соз
Чу комат талх шуд , дар шукри зани гом
Каз онат чун шукр ширин шавад ком
Касе кӯ шукр гуяд рӯзи сахтӣ
Расад охири бурузи неки бахтӣ
Вагар шокир набошад рӯзи роҳат
Аз он роҳат басӣ бинад ҷароҳат